18 Сентябрь, 2019

ҚОДИРИ ҚОСИМ — Раиси нави Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Қодири Қосим 9 апрели соли 1961 дар ноҳияи Ванҷ таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишкадаи (ҳоло Донишгоҳи) кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамон сол ба ҳайси агрономии совхози Федченкои ноҳияи Ванҷ шурӯъ кардааст.
Минбаъд дар вазифаҳои сарагрономи совхози «50-солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Россия»-и ноҳияи Ванҷ, инструктори КМ Комсомоли Тоҷикистон, котиби дуюми кумитаи вилоятии Комсомоли Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати кишоварзии ВМКБ, Раиси ноҳияи Ванҷ, муовини авали Раиси ВМКБ, муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси ВМКБ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 2014 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Дӯстии халқҳо» мукофотонида шудааст.
20 феврали соли 2017 Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1978-1983- Донишҷӯи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1983-1984- Агроном боғпарвари совхози ба номи  Федченко, ноҳияи Ванҷ
Соли 1984 (03-07)- Агрономи совхози «50-солагии СССР», ноҳияи Ванҷ
Солҳои 1984-1986- сарагрономи совхози «50-солагии СССР», ноҳияи Ванҷ
Солҳои 1986-1987- Директори совхози «Россия», ноҳияи Ванҷ
Соли 1987 (07-11)- Инструктори Кумитаи Марказии ЛКСМ Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1987-1990- котиби дуюми Кумитаи  вилоятии ЛКСМ Тоҷикистон
Солҳои 1990-1996- Ҷонишини сардори идораи хоҷагии қишлоқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Солҳои 1996-1999- Раиси ноҳияи Ванҷ
Солҳои 1999-2005- Муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Солҳои 2005-2006- муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2006-2013- Раис Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ
Солҳои 2013-2017- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Аз феврали соли 2017 то ҳоло – раиси Федератсияи итифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, шаҳри Душанбе