18 Сентябрь, 2019

Файзизода Исмоил Нарзи

МАЪЛУМОТНОМА

Файзизода Исмоил Нарзи 10-декабри соли 1973 дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1993 Донишкадаи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанберо бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2000 бахши ѓоибонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи котиби маҷлиси судӣ оѓоз намудааст. Солҳои 1996-1997 котиби маҷлиси Суди ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, солҳои 1997-2001 ҳукуқшиноси дараҷаи 2-и шуъбаи ҳукуқи Ширкати саҳомию ҳолдингии кушодаи «Барқи тоҷик», солҳои 2001-2004 ҳукуқшиноси дараҷаи 1-и шуъбаи ҳукуқи Ширкати саҳомию ҳолдингии кушодаи «Барқи тоҷик», солҳои 2004-2005 ҳукуқшиноси дараҷаи 1-и шуъбаи ҳукуқи Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2005-2007 ҳукуқшиноси Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба сайру сайёҳати Тоҷикистон, солҳои 2006-2011 дар асоси литсензия адвокати ваколатдор, солҳои 2007-2009 муовини мудири шуъбаи ҳукуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, солҳои 2009-2011 мудири шуъбаи ҳукуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолият намудааст.

25 апрели соли 2011 муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили тоҷикистон интихоб шуд ва то ҳол дар ин вазифа кор мекунад.

Узви ҲХДТ буда, бо медали «Барои хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шудааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.